Суғд

Ба Осорхонаи вилояти Суғд беш аз 100 адад ашёи таърихӣ ворид гардид

Аз оғози соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хазинаи Осорхонаи вилояти Суғд 101 адад ашёи дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ворид гардид.

Суғд: таъсиси 60 гранти раиси вилоят барои дастгирии занони ҳунарманд

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, рушди ҳунарҳои дастӣ ва дар ин замина таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва тақвият бахшидан ба меҳнати хонагӣ, аз ҷумла, намудҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  60 гранти раиси вилоят таъсис дода мешавад.

Прокуратураи Суғд 80 тонна маҳсулоти хӯрокии пастсифат ошкор намуд

Давоми соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят беш аз 5700 ҷиноят ба қайд гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2016  209 адад кам мебошад.

Страницы