Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд
Опубликовано чт, 21/03/2019 - 10:48 пользователем adminИмрӯзҳо дар саросари ҷумҳуриамон тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ҷараён доранд. Мардуми соҳибистиқлоли мамлакатамон иди хуҷастапайи Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу ваҳдат пуршукӯҳ таҷлил менамоянд. Дар ин радиф ҷамоату шаҳракҳои ноҳияи овозадори вилояти Суғд – Бобоҷон Ғафуров низ намои идона гирифтаанд.