Прокуратураи Суғд 80 тонна маҳсулоти хӯрокии пастсифат ошкор намуд

Давоми соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят беш аз 5700 ҷиноят ба қайд гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2016  209 адад кам мебошад. Новобаста аз кам гардидани теъдоди ҷиноятҳо, шумораи содиркунии баъзе намудҳои ҷиноятҳо, аз қабили қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, худсарона ишғол намудани замин, авбошӣ, қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, қасдан несту нобуд кардан ё вайрон намудани молу мулк, ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Ин матлаб дирӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов баён гашт.

Тибқи маълумоти прокурори вилоят,   давоми соли 2017 дар раванди санҷишҳои прокурорӣ 78,9 тонна маҳсулоти хӯрокии пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта ба маблағи 257,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардиданд. Ҳамзамон ин миқдор маҳсулот нобуд карда шуда, 26 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Дар робита ба ин амал нисбат ба  636 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 49 нафар парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуданд.

Ҳамзамон дар ин давра ба 197 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин эътироз оварда шуда, 2092 га замини дар истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Оид ба қонунвайронкунии замин 235 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд.

АМИТ "Ховар"