Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳуриамон тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ҷараён доранд. Мардуми соҳибистиқлоли мамлакатамон иди хуҷастапайи Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу ваҳдат пуршукӯҳ таҷлил менамоянд. Дар ин радиф ҷамоату шаҳракҳои ноҳияи овозадори вилояти Суғд – Бобоҷон Ғафуров низ намои идона гирифтаанд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», рӯзи сеюм аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи 13 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия тантанаҳои наврӯзӣ ҷараён доранд.
Аз ҷумла, дирӯз дар яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия -Исфисор, дар маҳаллаи Ҳафт ганҷ бо иштироки раиси ноҳия Зариф Назирӣ иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Дар ин рӯз яке аз кӯчаҳои марказии маҳалла идона оро дода шуда, намоиши хаймаҳои наврӯзӣ, анъанаҳои аҷдодии ниёгон ва савту навои идона ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуданд.
Раиси ноҳия зимни иштирок дар намоиши идона мардуми ҷамоат ва ноҳияро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, аз ҷумла гуфт:
«Мояи хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо -Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон шуҳратёб гардид. Он чун иди байналмилалӣ эътироф гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Наврӯз чун рамзи сулҳу оромӣ, пиндор, гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамёрии халқҳо моро ба сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад».
Ҳамзамон бо мақсади қадрдонӣ намудани хизматҳои шаҳрвандоне, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 13 нафар шахсони барӯмани ноҳия кумакпулии яквақтаи раиси вилояти Суғд супорида шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки имсол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизбони тантанаҳои асосии вилоятии Иди байналмилалии Наврӯз буда, он имрӯз, 21 март дар Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳия баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар»