обу ҳаво

Имрӯз дар Тоҷикистон барфу борон меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 9 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 7 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.

Имрӯз, 6 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-10 дараҷа ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво  шабона 3-2 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы