обу ҳаво

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво боронӣ шуда, боридани барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.

То 15 март дар Тоҷикистон эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани тарма дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 15 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пойдор буда, боришоти борон ва дар баландиҳои 2000 м боридани барф дар назар аст.

Тавре аз Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи ин рӯзҳо таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.  Дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 12 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы