Ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ боз се рӯзи дигар боқӣ мемонад
Опубликовано ср, 05/04/2017 - 09:38 пользователем tvtҲавои номусоид дар ҷумҳурӣ боз се рӯзи наздик боқӣ мемонад.
Ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ боз се рӯзи наздик боқӣ мемонад.
То охири ҳафта дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, аз 4 то 7 апрел ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо барфи тар, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Вале дар баъзе минтақаҳо ва шоҳроҳҳои кӯҳӣ хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Copyright © 2024,
Theme Originally Created by TVT