Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳавои номусоиди боронӣ ва ба амал омадани раъду барқ хабар медиҳад
Опубликовано вт, 03/04/2018 - 08:34 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз, 3 апрел дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.