Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ дар назар аст
Опубликовано чт, 29/03/2018 - 09:06 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 29 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм хоҳад шуд.