Дар Тоҷикистон ду рӯзи оянда эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ зиёд аст
Опубликовано ср, 21/02/2018 - 11:13 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ пешбинӣ мешавад.
Имрӯз, 21 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.