Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 28 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 9-11 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"