обу ҳаво

Дар Рӯзи пойтахт дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

 Бино ба маълумоти    Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта,  дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти шамол дар назар аст.

Имрӯз, 21 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта,  дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 20 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои дигари вилоят туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати пасти ҳаво боқӣ мемонад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта,  боридани боронҳои пуршиддат, жола ва дар баландиҳои 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Страницы