Соҳибкорону тоҷирони музофоти Хайнани Чин ба Тоҷикистон ташриф меоранд

Нимаи дуюми моҳи август дар Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии  Чин баргузор мегардад.

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба  Тоҷикистон меоянд.

Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои тавлидотии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, инчунин тақвияти ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии баргузории ҳамоиш маҳсуб мешавад.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

Tags: