Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев пеш аз бозии даври дуюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки шоми имрӯз дар шаҳри Балканобод баргузор мегардад, дар нишасти матбуотии пешазбозӣ ба саволҳои хабарнигорон посух дода, зикр кард, ки дастаи «Алтин Асир»-ро хуб омӯхтаанд ва дар бораи он маълумоти кофӣ доранд.
«Мо нисбат ба дастаи «Алтин Асир эҳтиром дорем ва ба чӣ қодир будани онро хуб медонем. Имрӯз бозии ниҳоят пуршиддату ҷолибро интизорем, гумон мекунам, ки мухлисони зиёд ба варзишгоҳ меоянд. Дар назди мо як мақсад гузошта шудааст-танҳо ғалаба дар ҳар бозӣ. Фикр мекунам, ки ҳарифони мо низ дар наздашон чунин вазифа гузоштаанд ва ҳамаи дастаҳои гурӯҳ барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтан мубориза мебаранд. Мо аз қабули хушу самимонаи мизбонон сарфарозем»,-гуфт Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Артём Барановский, муҳофизатгари дастаи «Истиқлол» низ дар тақвияти гуфтаҳои сармураббӣ илова кард, ки «хати ҳимояро мустаҳкам карда, ҳуҷуми бобарорро созмон додан мақсади даста аст. Ба Туркманистон мо танҳо барои натиҷаи мусбат омадаем ва барои ғалаба мубориза мебарем» -афзуд Артём.
Сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язқулӣ Хоҷагелдиев дар нишаст изҳор намуд, ки дастааш беҳуда се сол пайдарпай чемпиони Туркманистон нашудааст ва новобаста ба он, ки чанд нафар аз бозингаронаш дар вохӯрӣ бо «Истиқлол» ба даста кумак карда наметавонанд, онҳо танҳо барои пирӯзӣ ба майдон меоянд.
«Дастаи «Истиқлол» солҳои охир бозии олӣ нишон медиҳад ва чун мо барои ноил шудан ба се имтиёз вориди майдон мегардад. Бартарии мо дар он аст, ки дар майдони худ дар назди мухлисонамон бозӣ мекунем. То кунун ягон даста аз гурӯҳи мо имконияти дар маҷмӯъ ғолиб омаданро аз даст надодааст ва ҳама дар як сатҳ қарор доранд»,-гуфт сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язқулӣ Хоҷагелдиев.
Ёдрас мешавем, ки вохӯрии дастаҳои «Алтин Асир» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Спорт топлуми»-и шаҳри Балканобод соати 17:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мегардад ва мухлисони футболи кишварамон онро мустақиман тавассути Телевизиони «Варзиш» дида метавонанд.
АМИТ "Ховар"