Чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар бозии аввали даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё /AFC/ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 13 ҳазору 800 тамошобин дастаи «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум бо зарбаи ҷаримавии 11-метра боз кард. Голҳои баъдиро бародарон Ромиш ва Манучеҳр Ҷалиловҳо ба дарвозаи меҳмонон заданд.
Дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Александр Стетсенко, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Артем Барановский, Ромиш Ҷалилов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+3), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 79), Манучеҳр Ҷалилов бозӣ карданд.
Дастаи «Серес Негрос» бо ҳайати Роланд Муллер, Кота Кавасе, Кевин Ингресо, Биенвенидо Марааон, Мануэл Отт, Ҷозе Елмер Портериа (Фернандо Родригес, 65), Иаян Рэмзи, Стефан Маркус Шрок, Карлос Де Мурга, Ҷуниор Муноз, Ҷефри Кристианс ба майдон баромад.
Зимни бозӣ Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Стефан Маркус Шрок, Биенвенидо Марааон («Серес Негрос») огоҳӣ гирифтанд.
Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин баргузор мегардад.
АМИТ "Ховар"