Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 14 сентябр раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол 11 зина боло рафта, дар мавқеи 140-ум бо 213 имтиёз қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 25-умро касб кардааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ду бозӣ доир менамояд- яке бо дастаи мунтахаби Непал дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ва бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби Афғонистон.
Раддабандии навбатии Федератсияи байналмилалии футбол рӯзи 16 октябр ба нашр мерасад.
АМИТ "Ховар"