Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори бисту шашумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош мегӯям.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар рушди миллӣ, тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Итминон дорам, ки ҳадафмандии мутақобила барои тақвияти муносибатҳои дӯстонаю боэътимоди Беларус ва Тоҷикистон бо такмил додани муколама тавассути намунаи нави ҳамкории судманд ва муфид минбаъд низ устувор мегардад.

Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар вазифаи пурмасъулатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳ ва некӯаҳволӣ таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии ман ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият бипазиред.

Имрӯз Тоҷикистон ба қуллаҳои баланд расида, узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Итминон дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи анъанавии дӯстонаи мо, ки бар эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушд меёбанд.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва некӯаҳволӣ орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон ба Шумо ва ба мардуми тоҷик сулҳ, саодатмандӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам.

Мехоҳам хоҳиши бо дастгирии Шумо минбаъд рушд додани муносибатҳои боэътимод ва дӯстонаро, ки кишварҳоямонро муттаҳид месозанд, изҳор намоям. Ман ҳамчунин аз дурнамои умедбахши соҳаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Франсия ва Тоҷикистон истиқбол мекунам.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред.

 

Рам Натҳ Ковинд, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби муҳтарам,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва инчунин аз номи худам, Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолият табрику муборакбод менамоям.

Муносибатҳои мо аз эҳтироми мутақобила, ҳамоҳангии манфиатҳо ва шабеҳияти фикру ақидаҳо оид ба аксарияти масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ асос меёбанд. Инчунин соли ҷорӣ 25-солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари мо қайд карда мешавад.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон шарикони боэътимод дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ барои мардуми кишварҳо мебошанд. Ман боварӣ дорам, ки кӯшишҳои муштараки мо шарикии стратегиамонро васеъ хоҳанд кард ва моро ба ояндаи хушбахту бехатар, озод аз радикализм, экстремизм ва терроризм оварда мерасонанд.

Фурсатро истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон некӯаҳволӣ, пешрафти минбаъда ва шукуфоиро таманно менамоям.

Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».

Президенти Ҷумҳурии Полша – Анджей Дуда, дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Полша ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ирсол медорам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дар таҳкими суботи минтақавӣ ва тартиботи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Талошҳои давлатӣ, ки ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба байни кишварҳои минтақа, инчунин ба навсозии кишвар ва фароҳам овардани фазои эътимод дар ҷамъият тавассути муколама ва ҳамкорӣ метавонанд ба дастгирии Ҷумҳурии Полша умед баста бошанд.

Муҳтарам Ҷаноби Президет, хоҳишмандам таманниёти осоиш ва некӯаҳволии кишваратон ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин комёбиҳоро дар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».

Подшоҳи Мамлакати Марокаш – Муҳаммади VI, зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз,

Бо камоли шодмонӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ин фурсате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Иди Миллии худ қарор дорад, самимонатарин табрикоти худро шахсан аз номи худам ҳамроҳ бо орзуи тандурустӣ ва хушбахтӣ барои Шумо ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун барои миллати дӯсти кишвар Тоҷикистон, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо иброз менамоям.

Ҳамчунин қаноатмандии худро аз риштаҳои мустаҳками бародарии исломӣ, ки мардумони кишварҳои моро ба якдигар мепайвандад ва муносибатҳои ҳар ду кишварҳои моро дар масири ҳамкории самарабахш ва ҳамбастагии фаъол таҳким мебахшад, изҳор менамоям. Дар баробари ин алоқамандии худро ба фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкими муносибатҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо, ки ҷавобгӯйи хостаҳои ду миллати бародар мебошанд ва дар мустаҳкамсозии фаъолиятҳои исломии муштарак саҳм мегузоранд, таъкид менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз волотарин қадршиносии маро пазиро бошед».

Президенти Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии ШриЛанка –Майтҳрипала Сирисена дар табрикоти худ гуфтааст:

«Ҷаноби Оли,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри-Ланка сарфарозам ба Шумо Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва орзуҳои некро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён номаоям.

Итминон дорам, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар, ки зимни ташрифи Шумо Ҷаноби Олй ба Шри-Ланка эҳё гаштанд, ба манфиати муштарак хоҳад буд.

Бо ибрози ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, хушбахтӣ, саодатмандӣ, инчунин ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъда ва шукуфоӣ орзумандам».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нйето, Президенти Ҷумҳурии Словакия – Андрей Киска, Раиси Шўрои Давлатӣ ва Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус, Валиаҳд-Муовини раиси Шўрои вазирон Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд  ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.