Мунтахаби ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҷиҳати омодаги ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дар кишвари Туркия машғули машқу тамринанд. Дуюмин дидори дӯстонаи санҷишии мунтахаби ҷавонони мо бо тими “Анталяспор” баргузор шуд. Дар сабқати санҷишӣ ҷавонони футболбози мо бо ҳисоби 3:1 дастболо гардиданд. Ҳамлавари мунтахаби Тоҷикистон Адҳамҷон Абдуллоев ду голро ба самар расонида ба номи худ дублро сабт намуд. Як голи дигарро бошад Шаҳром Саидов вориди тӯри дарвозаи ҳариф намуд. Дар доираи тамринҳои худ дар Туркия мунтахаби ҷавонони 19-солаи кишвар боз ду бозии санҷишии дигарро анҷом хоҳанд дод. Дастпарварони Мубин Эргашев санаи 14-уми август бо тими “Аланяспор” қувва озмуда, рӯзи 17-уми август бошад бо дастаи “Манавгатспор”вориди майдон мешаванд. Ёдовар мешавем, ки дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар замини Тоҷикистон баргузор мегардад, рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Б” мунтахабҳои Ӯзбекистон, Бангладеш, Шри-Ланки ва Малдив мебошанд.
Бозии дӯстона
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Анталяспор» (U-19) – 3:1
Голҳои Тоҷикистон: Атҳамҷон Абдуллоев, 40 (1:1). Атҳамҷон Абдуллоев, 58 (2:1). Шаҳром Самиев, 75 (3:1).
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Ҳомидҷон Исоқов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Кароматулло Саидов, Шервон Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Аҳтамҷон Абдуллоев, Шериддин ТВ Бобоев.
ТВ Варзиш