Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон

Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур, ки дар масоҳати 10 садяк сохта шудааст, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин иншооти аз ҷиҳати санъати меъморӣ зебо дар маҷмуъ 7 утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст вуҷуд дорад. 4 утоқе, ки дар таҳхонаи бино мавҷуд аст, барои дар ҳавои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ пешбинӣ шудааст.
Бинои маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон, ки сохтмони он аз соли 2014 бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, ҳозиразамон ва дорои тамоми шароитҳои корӣ мебошад. Ҳамаи утоқҳои ин бино бо таҷҳизоти ҳозиразамони соҳавӣ таъмин шудаанд.
Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин бино ва вохӯрӣ бо кормандони он иброз доштанд, ки андоз асоси буҷети давлатро ташкил медиҳад ва рушди минбаъдаи сектори давлатию пардохти музди меҳнату нафақа, аз сари вақт ва босифат ҷамъоварӣ кардани андоз вобаста аст.
Аз ин лиҳоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод талаб карданд, ки пайваста дар баланд намудани дараҷаи тахассусӣ ва такмили дониши касбии худ талош намоянд.
 

Tags: