Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд

Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи XVI генералии ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки имрӯз, 26 январ дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб шуданд.
Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Бар асоси Оинномаи КМОТ Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои чаҳор сол (2017-2020) интихоб шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм аст, ки раиси КМОТ интихоб мешаванд. Аз ин пеш Ҷаноби Олӣ ба ин вазифа солҳои 2009 ва 2013-ум интихоб шуда буданд.
Дар ин ассамблея Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМОТ дар бораи фаъолияти ин кумита дар давраи солҳои 2013-2016 ҳисобот дод. Вай гуфт: «Бузургтарин чорабинии давраи ҳисоботӣ Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба ҳисоб мерафт, ки аз 5 то 21-уми август дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуданд. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бо шумули ҳафт варзишгар дар чор риштаи варзиш бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ иштирок карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд, дар байни 206 кишвар дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост».
Баҳрулло Раҷабалиев ёдовар шуд, ки Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.
«Вале дар Олимпиадаи Рио-2016 шаш варзишгари дигари тоҷик — Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг), Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ба натиҷаҳои баланд ноил шуда натавонистанд», — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.
Вакилони ассамблея ба фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш дода, ҳамчунин аъзои нави кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишварро дар ҳайати 13 нафар интихоб намуданд. Ба ҷуз Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду ноиби ӯ, котиби генералӣ ва мудири кулли КМОТ, намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ футбол, бокс, варзиши сабук, таэквондо ВТФ, дзюдо, қаиқронӣ, инчунин ассотсиатсияҳои намудҳои зимистонаи варзиш ва олимпичиёни Тоҷикистон ба узвияти Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб шуданд.
Бар асоси Оинномаи КМОТ бо пешниҳоди Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи аввалини Кумитаи иҷроия Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш Шамсулло Соҳибов ноибони Президенти КМО ва Муҳаммадшо Абдуллоев котиби генералии КМОТ таъйин шуданд.
Дар ассамблеяи мазкур инчунин аъзои Комиссияи назорату тафтишоти КМОТ дар ҳайати се нафар — Исроил Исмоилзода, раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, Дилором Каримова, муовини раиси Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯи Тоҷикистон ва Дилбар Шарипова, директори Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон интихоб гардиданд.