Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи С5+1 баргузор гардид

3 августи соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиғаи С5+1, ки дар шаҳри  Вашингтони ИМА баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ ҳамкории Тоҷикистону ИМА ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро дар давоми 25-соли Истиқлолият баланд арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши минбаъдаи ҳамкории тарафайн дар сиғаи С5+1 иброз намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон умедвор аст, сиғаи С5+1 дар рушди ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА такони тоза хоҳад бахшид.
Ҷонибҳо лоиҳаҳои дар чаҳорчӯби сиғаи С5+1 таҳияшударо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, муҳити зист ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: