27 феврали соли равон мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея Ли Вучёл баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
АМИТ "Ховар"