Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2018 (ИМД-2018) эссеро танҳо довталабоне менависанд, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихоб кардаанд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои Марказ, бинобар ҷой доштани баъзе мушкилоту монеаҳо барои ҷорӣ кардан ва тафтиши кори хаттӣ (эссе) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2018 он (эссэ) на дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо, балки танҳо вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) роҳандозӣ карда мешавад. Яъне, дар ИМД-2018 эссеро танҳо довталабоне менависанд, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихоб кардаанд.
«Тибқи тартиби муқарраршуда, довталаб эссеро бо забони тоҷикӣ ё русӣ, ки онро ҳангоми бақайдгирӣ ҳамчун забони имтиҳонсупорӣ интихоб кардааст, менависад», — омадааст дар хабари Маркази миллии тестӣ.
Вобаста ба ин, Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, тавсия медиҳад, ки бо дастуру маводҳои оид ба навиштани эссе таҳиягардида ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрасшуда шинос шаванд ва ба имтиҳонҳо омода гарданд.
АМИТ "Ховар"