Дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ид зам гардид. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд 20 март ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат таҷлил мегардад.
Насиба Содиқова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон гуфт, ки ҳадафи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дар асоси он минбаъд 20 март таҷлил намудани Рӯзи фарҳанг ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, ҳавасманд намудани фарҳангиёни кишвар ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон аст, зеро тоҷиконро дар паҳнои ҷаҳон ҳамчун мардуми тамаддунофару фарҳангӣ эътироф менамоянд. Инчунин ин рӯз ба мулоқоти анънавии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар иртибот дорад, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни зебои баҳор -Наврӯзи байналмилалӣ 20 март доир мегардад. Инчунин дар ин сана дар кишварамон дари биною кохҳои бузурги фарҳангӣ, назири Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ ба рӯи мардумамон боз гардиданд, ки бо бузургию сохти нотакрори меъморӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ беназиранд ва он шаҳодатест аз сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар сарзамини тоҷикон.
АМИТ "Ховар"