Имрӯз дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон имрӯз, 17 март дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 23 дараҷа ва шабона то 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Аз ҷумла, бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона 12-17, шабона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон рӯзона 18-23, шабона 3-8 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод. Дар навоҳии тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳаво рӯзона 15-20 дараҷа, шабона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ боришот дар назар дошта шуда, ҳаво рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва шабона 2-7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: