Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев тасмим гирифт, ки барои беҳдошти шароити таълим дар муассисаи таҳсилотии томактабии №3, воқеъ дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ба муассисаи мазкур як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла 25 адад миз, 50 адад курсиҳои бачагона ва 2 адад ҳаллоҷии кӯдакона тақдим намояд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ иброз доштанд, ки дар таъмини тарбиятгирандагони муассиса бо мизу курсӣ, кати хоб ва дигар маводи таълимию тарбиявӣ мушкил доштанд.
«Зимни як вохӯрӣ мо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев, ки ба ҷонибдориаш овоз дода будем, дар ин бора гуфтем. Вакили мардумӣ Ҳаёт Одинаев ин дархости моро ба инобат гирифта, барои тарбиятгирандагони муассиса ашёи лозимиро ҳадя намуданд», — тазаккур доданд маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии №3.
АМИТ «Ховар»