Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор мешавад

Ин идро соли 1997 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода буданд. Пеш аз таҷлили Рӯзи ҷавонон 23 май, Ҳафтаи ҷавонон баргузор мешавад, ки пур аз чорабиниҳои мухталиф барои насли ҷавони кишвар мебошад. Ва он аз барномаҳои варзишӣ, фарҳангӣ, шабҳои назм ва консертҳо иборат мебошад.

Рӯзи якшанбе дар саросари Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон, ки бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷавонон — неруи асосии пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст, бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад.

Дар нимаи аввали рӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон баргузор мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон доимо афзоиши демографӣ сурат мегирад ва нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз маълумоти оморӣ чанд рақамро дар зер меорем, ки воқеан нишон медиҳад, ки ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода,  нақши асосиро мебозанд:

  • Аз беш аз 9 миллиону 313  ҳазор (тибқи маълумоти Агентии омор то санаи 1 январи соли 2021) нафар аҳолии Тоҷикистон 70 фоизи аҳолӣ то 35 мебошад;
  • Синни миёнаи омории шаҳрванди Тоҷикистон 2,2 сол аст;
  • Дар кишвар 41 донишгоҳи таҳсилоти олӣ мавҷуд аст;
  • Шумораи донишҷӯён дар Тоҷикистон 245 ҳазор нафар аст;
  • беш аз 40 ҳазор нафар аз ҷумлаи ҷавонони Тоҷикистон дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд;
  • Сатҳи умумии саводнокӣ дар байни ҷавонон 99,88% -ро ташкил медиҳад;
  • Сатҳи саводнокӣ дар байни занони ҷавон 99,86% аст;
  • Сатҳи саводнокӣ дар байни мардон 99,89% -ро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: