10-11 август дар Душанбе ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор мегардад

10-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат меварзанд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар ИДМ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда, густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои кишварҳои ИДМ, омода намудани хатсайрҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.

АМИТ«Ховар»

Tags: