Бо мақсади пешгирии ҳама гуна бемориҳо ва ҳамчунин солим нигоҳ доштани аҳолӣ, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дирӯз дар маркази саломатии ҷамоати шаҳраки Палос «Корвони саломатӣ» доир гардид.
Дар ин рӯз ба аҳолии беш аз 4 ҳазорнафараи ҷамоати мазкур аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳри Бӯстон» ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд.
Дар рӯзи баргузории «Корвони саломатӣ» беш аз 360 нафар шаҳрвандон ба табибон муроҷиат намуда, барои ҳифзи саломатиашон аз духтурони асабшинос, гӯш, гулӯ, дандонпизишк ва духтурони оилавӣ маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Ҳамчунин як қисми муроҷиаткунандагон дар асоси пешниҳоди мутахассисон барои муолиҷа ба муассисаҳои тандурустӣ фиристода шуданд.
Бино ба иттилои масъулин, тибқи нақша чунин чорабинии саломатӣ дар ҷамоати номбурда дар як сол чор маротиба, яъне ҳар семоҳа гузаронида мешавад.
АМИТ "Ховар"