Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муоинаи тиббии сохтмончиёни НБО Роғун ва расонидани кумаки тиббиву санитарӣ вориди майдони сохтмонии нерӯгоҳ гардид.
Тавре аз вазорат хабар доданд, дар ҳайати Корвони саломатӣ 40 нафар мутахассисони баландпояи соҳа, табибони самтҳои гуногун ба сохтмончиён хизмат расониданд. Дар баробари мутахассисони соҳибтаҷриба ҳамчунин дастгоҳҳои ташхисӣ, аз қабили флюрографияи сайёр, озмоишгоҳи сайёри ташхиси умумии хун ва ВНМО, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, тестҳо барои ташхиси диабети қанд дар хизмати сохтмончиён қарор дода шуданд.
Хизматрасонии Корвони саломатӣ ба сохтмончиёни ин нерӯгоҳи бузурги аср бори аввал набуда, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
АМИТ "Ховар"