Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, дар ағбаҳои кўҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кўҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Бинобар он, Агентӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш кардааст, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кўҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд карда шавад.
Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.