Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи III байналмилалӣ дар шаҳри Хошимин иштирок доранд

3  ноябр дар шаҳри  Хошимини кишвари Ветнам зери унвони  «Рушди ҷамъияти фарогир бо роҳи ҷорӣ кардан ва  тавсеаи барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳаллӣ,  мушкилот ва дастовардҳо» Конференсияи III байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори  конференсия намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доранд.

Зикр гардид, ки  Барномаи «Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал» дар айни замон яке аз воситаҳои муҳими ташаккул ва рушди ҷомеаи фарогир маҳсуб шуда, қариб дар 80 кишвари ҷаҳон амалӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал аз ҷониби баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, «Каритас»-и Германия дар самти ташкили кори иҷтимоӣ бо маъюбон, хусусан тавонбахшии кӯдакони маъюб дар якчанд ноҳияҳо амалӣ мегарданд.

Конференсияи III байналмилалӣ то 15 ноябр давом мекунад.

АМИТ "Ховар"

Tags: