Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкур вазифадор гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 20 сентябр то 15 ноябри соли 2018 мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷараён дорад.
АМИТ "Ховар"