Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардиданд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур барои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо аз ҷониби Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе 46 ҳазору 700 сомонӣ ҷудо гардид.
Мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар фазои тантанавӣ супорида мешаванд.
АМИТ "Ховар"