Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, бо мақсади дастгирию ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон – хонандагону донишҷўёни фаъол, аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон менамояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни мазкурро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
— қарори Шӯрои омўзгорӣ (Шўрои илмӣ)-и муассисаи таълимӣ оид ба пешбарӣ барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо замимаи тавсифнома бо имзои роҳбари синф ва директори муассисаи таълимӣ;
— табели пешрафт ва ё нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ бо дарҷи баҳоҳои як соли охир гирифтаи хонанда ва донишҷӯ;
— бастаи диплому сертификатҳо оид ба ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ифтихорнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои иштироки фаъолона дар озмуну чорабиниҳои ҷамъиятии шаҳр ва ҷумҳурӣ;
— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва 3 дона расми андозаи 3х4.
Довталабон ҳуҷҷатҳои мазкурро бо иловаи ариза ба номи раиси Комиссияи озмунӣ бояд то 11 ноябри соли равон пешниҳод намоянд.
Пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида озмуни санҷиши дониши довталабон аз фанҳои таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад.
Довталабон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 2217283, 901905919 ва 934603031 ба масъулин муроҷиат намоянд.
АМИТ "Ховар"