Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр хабар доданд, дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳ, сардорони сохторҳои мақомот ва идораю корхонаҳои шаҳрӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Ҷараёни иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум то интихоб шудани Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати вакили синну солаш калонтарини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Зариф Шарифов сурат гирифта, вакилон дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.
Рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва № 62, Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъйин намудани Рустами Эмомалӣ, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, Раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 2 апрели соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 ба ҷои вакилони хориҷшуда, интихоби вакилони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, гузориш дод.
Тибқи гузориши Раиси комиссия пас аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо дарёфти 84,80 дарсади овозҳо ба пирӯзӣ ноил гардид.
Номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович 7,81 дарсад ва Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон 2,65 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаи интихоботии № 62 (ноҳияи Фирдавсӣ) интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 75,11 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд овоз доданд, номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Абдуллоева Мавсума Исматуллоевна 11,65 дарсади овозҳо ва Файзуллобекова Васила Тошбековна — номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Маҷлиси вакилони халқ гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 25 ва №62-ро шунида, ваколати вакилони интихобшуда — Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмудро тасдиқ кард.
Абдулло Холиқов, Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар вазъияти ботантана ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 шаҳодатнома ва нишонҳои сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанберо супорид.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъаларо оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №862 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъйин намудани Рустами Эмомалӣ» тасдиқ кард.
Кори минбаъдаи иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифт.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки тамоми неруи созанда ва қувваю дониши худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми сокинони кишвар равона месозад.
Иштирокчиёни иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар мавриди Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 баррасӣ намуда, дар ин робита қарори дахлдор қабул намуданд.
Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба сиёсати кадрҳо баррасӣ ва тасдиқ кард.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати дар корҳои сохтмонӣ истифода набурдании масолеҳи зуддаргиранда, нигоҳдошти воситаҳои нақлиёту ҷои партовгоҳ бо назардошти меъёрҳои санитарӣ, роҳравҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон, назорати корҳои навсозии роҳу пулҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша амалӣ мешавад, ҳолати тозагӣ ва сифати роҳҳо, таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, танзиму муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва захираи онҳо, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии бозорҳои коммуналию хусусӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, фароҳам овардани шароити гармӣ дар биноҳои баландошёна, истифодаи самараноки қувваи барқ, ташкили ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва истеҳсоли атласу адрас ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо ҳамин иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.
АМИТ "Ховар"