11 апрел Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба сохтмони Кохи ақди никоҳ — «Қасри Бахт» оғози расмӣ бахшида, дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ иншооти наву муосири варзишӣ ва фарҳангию фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои сарчашма, нахуст Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ташриф оварда, бо лоиҳаи бунёди «Қасри Бахт» шинос шуд.
Дар ин ҷо ба Раиси шаҳр лоиҳаи Кохи ақди никоҳ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «ҶиЭм Партнерҳо» тарҳрезӣ гардида, он дар масоҳати 19300 метри мураббаъ бунёд карда мешавад. Фармоишгари лоиҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, «Қасри Бахт» аз бинои замонавӣ бо тарҳу намуди зебо ва муносиб барои хизматрасонӣ, таваққуфгоҳ дар масоҳати бештар аз 9 ҳазор метри мураббаъ, роҳу гузаргоҳ ва майдону гулгаштҳо иборат аст. «Қасри бахт» аз бинои дуошёна иборат буда, дар табақаи якум 8 утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм, 2 толори барҳаво барои гузаронидани маросими ақди никоҳ ҷойгир шудаанд. Ба иттилои масъулин, пас аз ба истифода супоридани иншооти мазкур 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коргузорӣ ва хизматрасонии ба талабот ҷавобгӯ ба масъулини дахлдор дастур дод, ки зимни бунёди иншоот ба масъалаи нигоҳдошт ва бойгонии ҳуҷҷатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ин мақсад шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба тарзу усули сохтмони иншооти мазкур ҷалб намуда, таъкид дошт, ки он бояд бо инобати ба роҳ мондани хизматрасонии муосиру мусоид ба шаҳрвандон дар муддати 1 сол ба истифода супорида шавад.
Бо гузоштани санги асос Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии иншооти Кохи ақди никоҳ «Қасри Бахт» оғози расмӣ бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки Кохи ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Сипас дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ, дар назди биноҳои истиқоматии рақами 9/3 ва 9/4-и кӯчаи Деҳотӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, он дар масоҳати 1560 метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон аз ҷониби Отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадии ниҳоди мазкур анҷом дода шудааст.
Зимни шиносоӣ бо иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳр ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди чунин иншооти муосиру замонавиро барои истиқоматкунандагони биноҳои атрофи шаҳрак, махсусан ҷавонону наврасон ва кӯдакон туҳфаи арзанда маънидод намуд.
Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар масоҳати 336 метри мураббаъ, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон ва гӯшаи тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ҳамчунин нишастгоҳ ва таваққуфгоҳ дар масоҳати қариб 400 метри мураббаъ иборат аст. Ҳудуд ва атрофи майдончаҳои иншоот дар масоҳати беш аз 210 метри мураббаъ сабзкорӣ шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳои сершумор насб гардидаанд. Баҳри таъмини равшании иншоот 16 адад сутунчароғ насб шуда, истифодаи шабонарӯзии онро аз ҷониби сокинон фароҳам меорад. Дар доираи корҳои сабзазоркунӣ 174 адад ниҳоли ороишии сӯзанбарг шинонида шудаанд, ки пас аз нашъунамои хуб метавонанд ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо намоянд. Дар баробари майдончаҳои варзишӣ, бозии кӯдакона ва тамрини бадан дар ҳудуди иншоот, инчунин мизу курсӣ барои бозии шоҳмот гузошта шудаанд. Дар доираи корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ роҳи назди биноҳои истиқоматӣ таъмир ва мумфарш гардида, намуди берунӣ ва даромадгоҳҳои биноҳо рангубор ва таъмир гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо майдончаи универсалӣ Раиси шаҳри Душанбе бо наврасону ҷавонони шаҳрак суҳбати озоду самимӣ доир намуда, ифтитоҳи чунин иншооти муҷаҳҳаз ва замонавиро ба онҳо муборакбод гуфта, дар баробари таҳсилу таълим онҳоро ба варзишу пешбурди тарзи ҳаёти солим даъват кард.
Баъд аз шиносоӣ бо гӯшаҳои бозию дилхушии кӯдакон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи бехатарии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти бозии кӯдакона дар иншооти оммавӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки истифодаи воситаҳои дилхушии кӯдакона бояд аз ҷиҳати бехатарӣ мувофиқу муносиб бошанд.
Пас аз ифтитоҳи расмии иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба кӯдакони шаҳрак туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуд, ки хурсандиву фараҳи кӯдаконро афзун гардид.
АМИТ "Ховар"