Дар шаҳри Душанбе «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2017-2018» тасдиқ гардид. Дар робита ба ин 4 апрел қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Барномаи мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри худтакмилдиҳӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии насли ҷавон, ватандӯстиву дарки масъулият, беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини хуқуқу манфиатҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор гардиданд, ки дар доираи Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавононро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузорӣ намоянд.
АМИТ «Ховар»