3 майи соли 2019 дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 11-умин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳо ва саҳми босазои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар дар ин самт ибрози ақида карда, ҳозиронро ҷиҳати ширкат дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Эъломияи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешмоддаҳои он, пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар ва психотропӣ қабул гардид.
АМИТ «Ховар»