28 марти соли 2019 дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Мубориза зидди маблағгузории терроризм» ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм Консепсияи миллӣ барои солҳои 2018-2025 ва Нақшаи марбута барои татбиқи онро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2018 қабул намудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
АМИТ «Ховар»