Конфронси илмию амалӣ ба «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» бахшида мешавад

Имрӯз дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои баҳсноки забони воситаҳои ахбори омма» баргузор мегардад.
Дар он маърӯзачиён беш аз 20 мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Маърӯзаҳо ба мавзӯъҳои «Доир ба таҳаввулоти грамматикӣ дар воситаҳои ахбори омма», «Баъзе нуқсони маводи тарҷумавӣ дар забони матбуот», «Рушди барномаҳои фарҳангиву фароғатии радиои «Тоҷикистон» дар даврони истиқлол», «Баррасии забони ВАО-и иттиҳодиявии Тоҷикистон дар замони  истиқлолият», «Масъалаи содагии забони тоҷикӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ва «Ғалатҳои имлоӣ ва забонӣ дар барномаҳои телевизион» бахшида шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: