Талаби 25000 доллар бар ивази ҷони кӯдаки хурдсол

7 апрели соли равон як нафар ҷавон дар рӯй ниқоб пӯшида,  бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ворид гаштааст. Номбурда кӯдаки хурдсоли хонадонро ба гаравгон гирифта, талаби 25 ҳазор доллари ИМА намудааст. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсияи пойтахт корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, нафари гумонбарро дастгир карданд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрванд Дӯстмуроди Убайдулло, соли таваллудаш 8 августи 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ гумонбар дониста мешавад.

Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, номбурда гарчанде қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин навбат ба хотири ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба ҷинояти аз он вазнинтар, яъне роҳзанӣ даст задааст.

Зимни пурсиш номбурда иқрор гаштааст, ки 7 апрели соли равон, тахминан соатҳои 09:30 дар рӯй ниқоб ва бо корд мусаллаҳ шуда, ба як манзили истиқоматӣ, воқеъ дар маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гаштааст.
Ба хотири тарсонидан номбурда кӯдаки хурдсоли хонадонро  гаравгон гирифта, бо таҳдиди куштан аз модараш 25 000 доллари амрикоӣ маблағ талаб кардааст.
Гумонбаршуда Дӯстмуроди Убайдулло чун пай мебарад, ки ин миқдор маблағи талаб намудаашро ёфта дода наметавонанд, бо роҳи зӯроварӣ чавоҳироти тиллоӣ, аз қабили як ҷуфт гӯшвор ва ду адад ангуштаринро бо арзиши  5000 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Ба хотири рӯйпӯш намудани ҷиноят номбурда ниқоб ва корду дигар ашёи зимни ҷиноят истифодабурдаашро дар ҷӯи маҳаллаи мазкур партофта, нобуд сохтааст.
Бо содир намудани ин кирдори ваҳшиёна гумонбаршаванда Дӯстмуроди Убайдулло дар баробари расонидани зарари калони молӣ ҳамзамон ба тифлаки хурдсол зарари рӯҳиву ҷисмонӣ расонидааст. Акнун номбурда барои ин амали ҷинояткоронааш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Айни замон нисбат ба ӯ бо моддаи 249 (роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: