16 март дар шаҳри Боку Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо дафтари Намояндагии СММ дар ин кишвар бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши идона доир намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, олимон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО-и кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Боку ҷиҳати иштирок дар Форуми VI ҷаҳонии Боку қарор дошт, ширкат варзид.
Дар ҳамоиш бо таваҷҷуҳ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, аз ҷониби Сафорат гӯшаи Тоҷикистон ороста шуд, ки дар он ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбоби гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ, китобҳо, аксҳо бо ишораи рамзи наврӯзӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҷамъомад Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ва Намояндаи дафтари СММ дар Озарбойҷон Ғулом Исакзай сухан гуфтанд.
АМИТ "Ховар"