Масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чанд рӯз боз дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба шинонидани беш аз 70 ҳазор тухми гули лола оғоз намудаанд. Интизор меравад, ки тухмии лолаҳо пас аз шукуфтан дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсола ба ҳусн ва симо шаҳр таровату зебои тоза мебахшанд. Ҳамчунин дар доираи мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ моҳи январи соли равон дар маркази шаҳр 150 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз қабили ардач, санавбар ва ғайра шинонида шуданд.
ҳоло дар гармхонаи Муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»-и шаҳр қариб 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ шинонида шуда, ба шукуфтан сар кардаанд. Дар гармхонаи мазкур беш аз 10 номгӯй гулҳои ороишӣ, аз қабили петуния, катарантус, салвия, марҷонгул парвариш карда шуда, ин гулҳои мавсимӣ тибқи маълумоти мутахассисон, баъд аз шинонидан вобаста ба ҳавои мусоид давоми ду моҳ бояд шукуфанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имсол дар маркази вилоят марҳила ба марҳила шинонидани беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ дар назар аст.
АМИТ "Ховар"