Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон занбӯрпарвар Салим Салимов ва ширкати нӯшокиҳои ташнагишикани «Сиёма» дар Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии «Ноrti-Ехро», ки дар Покистон баргузор гардид, ширкат намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуданд. Тоҷикистон асал ва оби «Сиёма»-ро ба намоиш гузошт.
Дар доираи намоишгоҳ форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди содироти маҳсулоти хӯрокворӣ» доир гашт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон ширкат намуданд.
Намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон бо мақсади содироти маҳсулоти ватанӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, соҳибкорони Британияи Кабир, Полша, Туркия, Покистон ва Афғонистон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Тавре занбӯриасалпарвар Салим Салимов зикр намуд, ширкат дар чунин намоишгоҳҳо барои соҳибкорон хеле манфиатбахш аст.
Ба асали тоҷик ширкатҳои Британия, Полша ва Туркия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Онҳо ният доранд оид ба ҳамкорӣ дар самти содироти асал созишномаи дуҷониба банданд.
Қобили зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ барои иҷро намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои экологӣ мебошад, тадбирҳои дахлдор меандешад.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки соҳибкорони мамлакат дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ ҷиҳати муаррифӣ ва пешбурди маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар»