Дар шаҳри Роғун ба 21 нафар маҳбуси афвшуда кумакҳои пулӣ ва ройгони тиббӣ расонида шуданд

Дар шаҳри Роғун мулоқоти раиси шаҳр Музаффар Сулаймонзода ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  бо маҳбусоне,  ки аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд, баргузор шуд. Дар вохӯрӣ раиси шаҳр ба шахсони афвшуда барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва  ба касбу кори доимӣ машғул шудан маслиҳатҳо дод.

Ҳамзамон ба шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун супориш дода шуд, ки афвшудагонеро, ки маълумоти зарурӣ надоранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва касбомӯзӣ фаро гиранд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  авф» 25 октябри соли 2019 ба тасвиб расид,  ки  дар доираи қонуни мазкур аз  шаҳри Роғун 21 нафар маҳбус ба озодӣ баромаданд.

Дар ин давра аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун ҷиҳати расонидани кумаки иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити меҳнатӣ ва расонидани ёрии моддию ҳуқуқӣ барои рафъи оқибатҳои адои ҷазо ба 19 нафар афвшуда дар давраи бекориашон кумакпулии яквақтаина ба маблағи 7600  сомонӣ  расонида шуд.

Ҳамчунин 8 нафар озодшуда, ки ба  Маркази саломатии шаҳрӣ барои табобат муроҷиат кардаанд, аз ташхиси пурраи тиббии  ройгон гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: