Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкории судмандро дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш баррасӣ намуданд

Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Азад Рагимов 6 октябр баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариш додани ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуданд.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: