Имрӯз, 20 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанди бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 10-15 ва дар баъзе ҷойҳо 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дарача гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ аз 3-8 то 15-20 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"