ТВТ. 16.06.2022. 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар ин ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзӣ аст, нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи «Дӯстӣ» кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард.
Дар заминҳои ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то имрӯз ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ дода шудааст. Ҳамчунин бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ байни қаторҳо пурра коркард карда шуда, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.
Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Пахта ҳамчун ашёи хом дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд карда мешавад.
Аз нашъунамои хуби ниҳоли пахта маълум аст, ки роҳбарият ва аҳли кормандони ҷамъият бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла бо иқдоми роҳбарияти ҷамъият 10 мошини муосири пахтағундорӣ ва зиёда аз 100 намуди таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон бо маблағгузории ҷамъият дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи коркарди пахта бо иқтидори солонаи 30 ҳазор тонна ашёи хом сохта, ба истифода дода шудааст, ки дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад. Баъди коркард нахи пахта дар шакли бастаҳои махсус ба Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу» интиқол дода хоҳад шуд.
Ҳамасола дар вақти кишту парвариши пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» зиёда аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Тибқи маълумоти масъулон дар давоми солҳои охир дар минтақаи Гароутӣ бо васлу насби 34 дастгоҳи муосири обкашӣ 10 ҳазор гектар замин шодоб гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми роҳбарияти ҷамъиятро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ин раванд ба масъулони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Манбаъ: prezident.tj