25 соли Истиқлол

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори бисту панҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои фарҳангии марказӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии имрӯз дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.

Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 25 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ бори дигар тамоми мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо аз самими қалб ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди истиқолияти давлатӣ табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Страницы